Хонандагони вилояти Суғд соҳиби Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд

Аз  25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри  Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати  ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид. Дар он хонандагони тоҷик аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар олимпиада аз вилоят 26 нафар хонандагон таҳти роҳбарии Дилбар Исмоилзода ширкат намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, хонандагони вилоят бо дарёфти  13 ҷойи аввал, 5 ҷои дуюм ва 8 ҷойи сеюм миёни дигар давлатҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Дар ин дастоварди назаррас саҳми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон хеле назарас мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: