Дар ноҳияи Роштқалъа коргоҳи хурди ресандагӣ ба фаъолият оғоз кард

Дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Рошқалъа корхонаи хурди ресандагӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона бо кумаки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бунёд ёфта, дар он 13 нафар занони хонашин ба кор ҷалб карда шуданд.

Як тан аз ресандагони ин корхона Бунафша Қурбоншоева гуфт, ки «мо аз пашми бузи тибетӣ маҳсулоти хом тайёр мекунем, ки на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозори ҷаҳонӣ низ харидорони зиёд дорад. Ба ин шуғл мо 10 нафар занони деҳа ду сол пеш машғул шудем. Бинои худӣ надоштем. Як утоқи хурди ҳамдеҳаамонро ба иҷора гирифтем ва муддати ду сол дар он ҷо фаъолият доштем. Сокинони деҳа ба кори мо бо шубҳа нигоҳ мекарданд. Аммо давоми ду сол ба маҳсулоти мо аз хориҷи мамлакат мароқ зоҳир карданд. Инро ба инобат гирифта, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон бинои зебо бунёд намуданд».

Барои бунёди бинои нави корхона қариб 100 ҳазор сомонӣ сарф шуд ва он даҳаи дуюми моҳи октябр дар ихтиёри ресандагон гузошта шуд.

Шуғли асосии сокинони деҳаи Барвоз чорводорӣ буда, ин деҳаи кучак беш аз 3 ҳазор моли майда дорад, ки қисмати бештари онро  бузҳои тибетӣ ташкил медиҳанд. Асосан баҳори ҳар сол пашми ин навъи бузҳо  шона карда шуда,  ба корхонаи калони коркарди пашми шаҳри Ҳироти кишвари ҳамсояи  Афғонистон интиқол дода мешавад. Баъди коркард боз ба коргоҳҳои  хурди ресандагӣ, ки  шумораашон ҳоло дар ноҳияи Рошқалъа ба се адад расидааст, фиристода мешавад.  Аз пашми коркардшуда дар коргоҳҳои хурди ин ноҳия ресмон мересанд ва мутобиқи шартнома ба як ширкати амрикоӣ мефурӯшанд.

Масъулини мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки бо дастрас кардани таҷҳизоти иловагӣ маҳсулоти хом ва тайёрро дар худи коргоҳҳои маҳалӣ ба роҳ монанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: