Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар ИМА иштирок менамояд

Аз 25 то 29 октябр дар шаҳри Чикагои иёлати Иллинойси Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамоиши солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия сурат мегирад. Дар ҳамоиши мазкур  ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок дорад. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин 126-умин  ҳамоиши солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия  буда,  шурӯъ  аз соли 1893  он  ҳамасола доир карда мешавад.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои ислоҳоти милитсия, васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, таҳияи стратегия оид ба таъмини ҳифзи тартибот дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккилона мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Айни замон ҳамоиши солонаи байналмилалии иттиҳодияҳои сарони политсия дар ИМА идома дошта, аз натиҷаи он иловатан хабар дода мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: