Ҳафтаи гузашта бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират қарзи музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик, ки 2 миллиону 250 ҳазор рублро ташкил медод, аз ҷониби корфармоёни рус пардохт карда шуд.
Тавре котиби матбуоти Намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмад ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, 11 сентябри соли равон ба ин мақомот сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд Ҳилол Камолов оид ба мусоидат намудан дар пардохти қарзи музди меҳнат аз номи бригадаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз 14 коргар иборат аст, муроҷиат намуд.
Дар муроҷиати номбурда зикр шуда буд, ки ин гурӯҳи коргарони тоҷик корҳои сохтмониро ба тариқи қонунӣ, дар доираи пудратчии ташкилоти «Промхимстрой» дар бунёди бинои истиқоматӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия анҷом додааст.
Аммо бо сабабҳои номаълум, пас аз иҷрои миқдори муайяни кор, пудратчӣ пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатиро ба таъхир меандозад.
Бо мақсади ҳалли ин масъала, Намояндагӣ ба таври расмӣ ба ташкилоти мазкур муроҷиат карда, роҳбарияти онро оид ба поймол гардидани ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон – сари вақт пардохт накардани музди меҳнаташон огоҳ намуд.
Роҳбарияти ташкилоти «Промхимстрой» сабаби ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнати коргарони тоҷикро ба мушкилоти молиявии ширкат рабт дода, ваъда карданд, ки ин масъаларо дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал хоҳанд кард.
Тибқи созишнома, 10 октябр қарзи музди меҳнати онҳо дар ҳаҷми 700 ҳазор рубл пардохт карда шуд.
Инчунин ҳафтаи равон бо мусоидати Намояндагии мазкур масъалаи напардохтани музди меҳнати як бригадаи дигари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 550 ҳазор рубл ҳалли худро ёфт.
Сокини шаҳри Турсунзода Дилмурод Муҳаммадов барои кумак дар ҳалли ин масъала аз номи 22 коргари тоҷик ба Намояндагии мазкур хабар дод. Ба гуфти Д.Муҳаммадов, ин гурӯҳ давоми як сол дар ҳайати ширкати сохтмонии «Аракел» кор мекарданд ва дар сохтмони яке аз маҷмааҳои истиқоматӣ дар шаҳри Москва фаъолият доштаанд. Дар ин давра қисман музди меҳнати онҳо напардохта монд, ки он 1 миллиону 250 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Пас аз муроҷиати расмии Намояндагӣ ширкат уҳдадориҳои молиявии худро дар назди муҳоҷирони меҳнатӣ пурра иҷро кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7 (495) 967-98-44 , +992(44) 640-19-51, тел.моб: 8 926 255 0927, сомонаи расмии www.tajmigration.ru. почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.
Тавре Иброҳим Аҳмад иброз дошт, «агар давоми буду бош ва фаъолияти корӣ дар Россия ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандони мо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо, миёнаравон ва дигар шахсон поймол карда шавад ва ё мақомоти судӣ ғайриқонунӣ қарор (оид ба хориҷ кардан аз ҳудуди ФР, ҷарима ва дигар ҳолатҳо) қабул кунад, ҳамчунин агар корфармо ё миёнараве аз пардохти музди маошашон саркашӣ кунад, ё ин ки мувофиқи касбу ихтисос кори муносиб пайдо карданӣ бошанд, барояшон ягон мушкилот вобаста ба гирифтани патент, иҷозатномаи кор ва ё дигар ҳуҷҷатҳо пайдо шаванд, ба мақомоти мо муроҷиат намоянд. Агар онҳо дар вазъияти мушкил бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт монда бошанд, ба онҳо кумаки машваратӣ дар бастани қарордоди меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти корӣ ва дигар ҳолатҳо расонида мешавад».
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»