17 октябр дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Чин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Шэн Юэюэ мулоқот намуд.
Тавер АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба қарордошта, аз ҷумла татбиқи мувофиқаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада, таҳкиму густариши робитаҳои сиёсӣ ва ҳамкории амалии ҳарду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо бар он ақида буданд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ яке аз самтҳои муҳими шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин ба ҳисоб рафта, тақвият ва тавсеаи онҳо, инчунин миёни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба рушди ҳамкории дуҷонибаи амалӣ дастгирӣ ва мусоидати воқеии зарурӣ мерасонанд.
АКС: Сафарати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин
АМИТ «Ховар»