«Tajstat» вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро барои моҳҳои январ-августи соли 2019 нашр намуд

Нашрияи ҳармоҳаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Tajstat» дар шумораи навбатии худ маҷмӯи иттилооти таъҷилиро оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодӣ, ки  моҳҳои январ-августро дар бар мегирад, мунташир намуд.

Дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ динамика аз рӯи моҳҳои соли равон ва гузашта оварда мешавад. Агентии омор гузоришро дар асоси маълумоте, ки вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, таҳия кардааст.

Дар гузориш оид ба соҳаҳои муҳимтарини истеҳсолот, нақлиёт ва алоқа, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, нарх, молия, бозори меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, иттилооти васеъ пешниҳод карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: