Имрӯз, соати 10:00, дар толори бузурги Хонаи кино (кинотеатри «Зебунисо») маросими кушодашавии Фестивали байналмилалии «Дидор» оғоз мегардад.
Ба иттилои директори Фестивали байналмилалии «Дидор» Сафар Ҳақдод, фестивал то 20 октябр идома ёфта, дар он 57 филми мустанад ба намоиш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, 15 филми байналмилалии озмунӣ, 8 филми озмунии тоҷикӣ, 11 филми ғайриозмунии байналмилалӣ ва тоҷикӣ дар намоиш гузошта мешаванд.
Дар фестивал филмҳои мустанади киноофарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон Озарбойҷон, Россия, Афғонистон, Британияи Кабир, Германия, Ҳолландия, Эрон, Исроил, ИМА, Фаронса, Чехия ва ғайра иштирок менамоянд.
Дар барномаи он инчунин баргузории суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Масоили синамои мустанади муосир дар кишвари ҷудогона» ва берун аз он баррасии масъалаҳои доғи филмҳои мустанади тоҷикӣ дар назар аст.
Доктори илмҳои ҳунаршиносӣ, киношинос (Қазоқистон) Г. Абикеева, мудири иҷроияи IRIB MEDIF TRADE оид ба дистрибутсия (Эрон) Алиризо Шоҳрухӣ, наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад (Тоҷикистон) Г. Дзалаев ҳакамони фестивал интихоб гардидаанд.
Фестивал ба поси хотири филмҳои мустанадсози маъруф Мамадқул Арабов бахшида мешавад.
АМИТ «Ховар»