Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон Иди Меҳргон мутантан таҷлил мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
Ҷашни «Меҳргон» яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, пуршукӯҳтарин ҷашни гузаштагони мардуми форсизабон мебошад.
Дар Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият ҷашни аҷдодии мо – «Меҳргон» эҳёи дубора пайдо кард. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 «Меҳргон» дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.
Имсол тибқи нақша оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 таҷлили Иди «Меҳргон» ва баргузор кардани фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ ба якшанбеи дуюми моҳи октябр рост омадааст.
Ҳамчунин тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Иди «Меҳргон» дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангиву фароғатии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо намоиши маҳсулоту техникаи кишоварзӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ташкил намоянд.
Инчунин бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 19-20 октябр бахшида ба Иди «Меҳргон» дар шаҳри Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд.
Бояд гуфт, ки «Меҳргон» иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи ҷашни «Меҳргон»-ро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дошт, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.
«Меҳргон» таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд.
«Меҳргон» баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ба таъкиди Сарвари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани тадбирҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди «Меҳргон» басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Ҳамасола бо назардошти он ки «Меҳргон»-ро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо ва намоишгоҳҳо анвои мухталифи меваю сабзавот, афшураю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд. Аз «Меҳргон» то «Меҳргон» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ зиёд мешавад. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзавот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ қадами устуворе дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Бо ин байти Масъуди Саъди Салмон ҷашни фархундаи «Меҳргон»-ро ба ҳамаи ҳамватанонамон муборак мегӯем:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!
АМИТ «Ховар»