25 сентябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов ва ҳайати ҳамроҳонаш бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии давлати мо бори нахуст бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан намуд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо зимни сафар меҳмононро ҳамроҳӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз факултети ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дидан намуд. Зикр гардид, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.
Дар ин факултет, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Ҳамчунин зимни сафари якрӯзаи хеш меҳмони олиқадр аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст соли гузашта дар вилояти Суғд амалиёти ҳарбию техникии Тоҷикистону Ӯзбекистон гузаронида шуд.
Имсол амалиёти ҳарбию техникӣ ва машқҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд.
АМИТ «Ховар»