Дар Душанбе барои дарёфти беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон озмун эълон гардид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон»-ро  эълон менамояд.Дар ин робита,   бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 сентябри соли 2019 Низомнома ва ҳайати комиссияи озмуни  мазкур тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин озмун  дар доираи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» роҳандозӣ мегардад.

Хотиррасон  менамоем, ки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри баланд бурдани мақоми занон дар ҷомеа  пайваста  тадбирҳои самаранок меандешад.  Айни замон дар пойтахт  396 ҳазору  600 нафар  бонувон фаъолият доранд, ки  аз онҳо 110 нафар хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Аз ҳисоби занон  29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, 58 нафар вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт буда, 1698 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Илова бар ин, дар соҳаи тандурустӣ 6845 нафар, соҳаи маориф 8137 нафар занону духтарон фаъолият доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: