Дар Тоҷикистон Иди Меҳргон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад

13 октябр дар саросари Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Иди Меҳргон дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангиву фароғатии деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо намоиши маҳсулоту техникаи кишоварзӣ ва дигар барномаҳои фарҳангӣ ташкил намоянд.

Иди мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар  Боғи Ирам гузаронида мешавад. Дар ин рӯз дар ин макон аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дастовардҳои кишоварзон ба маъраз гузошта мешаванд. Инчунин баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷашни Меҳргон дар гузашта ва имрӯз низ ҳамчун иди касбии кишоварзон таҷлил мешавад. Миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш оварда,  эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Меҳргон реша дар таърихи амиқи гузашта дошта, онро ҳанӯз дар асри Х қофиласолори адабиёти тоҷик устод Абуабдуллои  Рӯдакӣ сурудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

АМИТ «Ховар»

Tags: