Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2019 қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид.
Зимни шарҳи ин масъала масъулини Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки дар асоси қарори мазкур Комиссияи даъвати ҳарбии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ вазифадор гардидаанд, ки чунин комиссияро дар ноҳияҳои номбурда низ таъсис диҳанд.
Ба иттилои манбаъ, Раиси шаҳр ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе супориш додааст, ки ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои зарурӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намоянд.
Рустами Эмомалӣ комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро муваззаф гардонидааст, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Хамчунин бо қарори мазкур шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
Ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо шумораи зарурии кормандони техникиро сафарбар намоянд ва доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои «Рӯзи даъватшаванда», тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳои муассир андешанд.
Масъулин ҳамчунин барои ба таври тантанавӣ гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, вазифадор гардидаанд.
«Сохторҳои марбута ҳар ҳафта аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумоти хаттӣ пешниҳод намуда, пардохти саривақтии хароҷотро аз маблағҳои пешбинишуда тибқи тартиби муқарраргардида таъмин созанд»,- омадааст дар ин қарор.
АМИТ «Ховар»