Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-ро, ки дар маҳаллаи Борбад ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби устодони ҷавони муассисаи таълимӣ суруди умумӣ дар васфи Ватан бо санъати воло иҷро карда шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимилӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 45 аз 3 ошёна иборат буда, дорои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бо дарназардошти синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, нуҷум, компютерӣ, таълими меҳнат, синфхонаҳои шоҳмот, ҳуҷраҳои инкишофи кӯдак, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ бо 60 ҷой, маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст, ошхона бо 48 ҷой ва китобхона мебошад.
Аснои шиносоии Сарвари давлат бо шароити муассисаи мазкур ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаи таълимии мазкур як миқдор асбобҳои мусиқӣ тақдим карданд.
Ҳамчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 майдончаи ҳарбӣ барои гузаронидани омодагии ибтидоии ҳарбии хонандагон ва омӯзиши машқҳои ҳарбӣ бунёд ёфтааст.
Дар муассисаи таълимӣ буғхона мавҷуд аст, ки дар фасли зимистон тавассути он тамоми синфхонаҳо бо ангишт гарм карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
Акнун баъди ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 45 дар шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷойи нишаст бартараф гардид.
Устодон ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Устодону хонандагони Муассисаи таълимӣ ифтитоҳи ин муассисаи наву замонавиро туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.
АМИТ «Ховар»