Рамазон Раҳимзода вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби скинхедҳои Россия ба Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рамазон Раҳимзода  вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби скинхедҳои Россия (гурӯҳи миллатгароёни рус), ки 30 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид,  худи ҳамон рӯз ба  Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия  Владимир  Колоколтсев барқия ирсол намуд.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар барқия  аз  В.Колоколтсев  хоҳиш гардид, ки ҷиҳати сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон, таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.

«Инчунин сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Россия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят кумак расонанд».

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин  намояндаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» маълумоти муфассал пешниҳод мекунад.

АМИТ «Ховар»

Tags: