Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквандо (ITF) 9 медал ба даст оварданд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (ITF) дар 21-умин Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, собиқадорон ва ҷавонон, ки 24-30 август дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор шуд, 9 медал, аз ҷумла 2 медали тилло ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар чемпионати мазкур 1421 варзишгар аз 75 давлат иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин чемпионат 29 нафар миёни калонсолон ва ҷавонон намояндагӣ карда, ба гирифтани 9 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Медалҳои тиллоро Муҳсинҷон Муллоҷонов ва Сиёвуш Иброҳимов ба даст оварданд. Муҳсинҷон дар вазни -52кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ нахуст аз варзишгари Япония шикаст хурд, баъдан бар намояндагони Юнон ва Канада пирӯз гардида, дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ сипас дар нимфинал бар варзишгари Ӯзбекистон ва дар финал бар варзишгари Кореяи Шимолӣ ғалаба кард.

Сиёвуш дар вазни -71кг миёни мардон дар даври гурӯҳӣ бар варзишгарони Украина ва Камбоҷа, дар чорякфинал бар намояндаи Молдова, дар нимфинал бар варзишгари Юнон ва дар финал бар варзишгари мизбон – Булғористон ғолиб омад.

 Медалҳои нуқраро аз рӯи барномаи «Дифоъ аз худ» («Self Defense») сегонаи Сабина Тюраева, Алишер Ахмедов, Муҳаммад Давлатшоев миёни калонсолон, аз рӯи барномаи «Пас» («Rear») Оятулло Асадуллозода миёни ҷавонони 16-17-сола ва Мансур Шодмонов дар вазни -45кг миёни ҷавонони 14-15-сола сазовор гаштанд.

Алишер Аҳмедов дар вазни -58кг миёни мардон, Муъминҷон Нуров дар вазни -50кг миёни ҷавонони 14-15-сола, Сино Иброҳимов дар вазни -51кг ва Муфара Ҳалимова дар вазни -52кг миёни ҷавонони 16-17-сола ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: