Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Хадамоти оташнишониро дар ноҳияи Балҷувон ба истифода доданд

6 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувонро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат тариқи ҳашар бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурусти кормандони ин сохтори низомӣ шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Ба Пешвои миллат маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Балҷувон дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 9 утоқи корӣ, утоқи дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамояд.

Дар ин рӯз Сарвари давлат ба кормандони ин сохтор 1 адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

Тибқи маълумот, масоҳати умумии бинои сохташуда 38 садяк заминро ташкил намуда, масоҳати зери бино 240 метри квадратиро дар бар мегирад.

Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 4500 дона гулҳои ҳархела ва 70 дарахти арча шинонида шудааст. Ҳамзамон ба хотири рафтуомади бе мамониат ба масофаи 100 метр мумфарш шудааст.

Мавриди таъкид аст, ки бо мақсади боз ҳам такмил додани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Балҷувон 12 марти соли 2013 Нозироти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи мазкур ба Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: