Паҳлавони тоҷик Шарифҷон Назриев барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид

Чанде пеш паҳлавони шинохтаи тоҷик Шарифҷон Назриев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Тайпейи Чин идома дорад, барандаи медали нуқра гардид.  Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар  медиҳад.

Шарифҷон Назриев дар вазни -100 кг  ҳунари хуб  нишон  дода, дар   даври аввал озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Қирғизистон – Орозбек Алмазбековро шикаст дода, роҳхати даври сеюмро соҳиб шуд. Барои роҳ ёфтан ба финал Шарифҷон Назриев паҳлавони шинохтаи  кишвари Қазоқистон – Садуакас Бекарисро мағлуб кард. Аммо, мутаассифона, Назриев дар финал аз гӯштингири эронӣ – Алӣ Парҳезгор шикаст хӯрда, соҳиби медали нуқра шуд.

Хотиррасон мешавем, ки паҳлавони ҷавони  дигар  тоҷик Шодмон Ризоев 29 июл дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон сазовори медали нуқра гардида буд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба дзюдо 29 июл дар идомаи қувваозмоиҳо миёни наврасон дар Тайпейи Чин оғоз шуд.

Шодмон дар вазни -66кг пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Непал (Индра Баҳодур Шрестҳа), Ҳонг Конг (Ка Йу Лион Тайлор Чов), Кореяи Ҷанубӣ (Ҷунсик Парк) ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бар Ҳаким Агаммамедови туркман дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи Япония Томойа Вакаса шикаст хӯрд.

Дар вазни-60кг варзишгари тоҷик Меҳрзод Суфиев ҷои панҷумро ишғол кард. Меҳрзод бар варзишгарони Макао (Так Чонг Чек), Тайпей (Син-Йу Чен), Кореяи Ҷанубӣ (Минчол Ким) ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Кабанишбек Айбекуулу ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Муғулистон Сухбат Бйамбасурен мағлуб гардид.

Се варзишгари дигари тоҷик-Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни-66кг, Муҳаммадшариф Наҷмуддинов дар вазни-73кг миёни писарон ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни духтарон дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон 170 нафар варзишгарон (100 писар, 70 духтар) аз 21 давлат иштирок доранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: