Иморатҳое, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд, аз рӯи меъёрҳои сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар мебошанд. Ин нуктаро имрӯз, 19 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода иброз дошт.
Ба иттилои номбурда, айни замон дар ҷумҳурӣ хонаҳои монолитии сохти каркасӣ месозанд, ки ҳангоми таҳияи тарҳи лоиҳаҳои он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба инобат гирифта мешаванд.
«Зилзилае, ки соли 2016 дар Душанбе рух дода буд, муайян намуд, ки иморатҳо ба заминҷунбӣ тобовар ҳастанд. Пас аз ин заминҷунбӣ мо дар Душанбе мониторинги ҳамаи иморатҳоро гузарондем ва муайян намудем, ки ягон иморат аз заминларза осеб надидааст»,- илова намуд номбурда.
Ба гуфтаи номбурда, дар давраи шӯравӣ меъёрҳои дақиқ оид ба сохтани хонаҳои панелҳояшон калон, баландтар аз 9 ошёна вуҷуд дошта, ҳатто хонаҳои монолитии то 16-ошёна низ сохтан мумкин буд.
Инчунин зимни нишаст зикр карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ дар назди Кумита Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шудааст.
Комиссияи мазкур барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад.
АМИТ Ховар