МАНОТИҚИ ДУРДАСТ: аз саргаҳи мавзеи Паҳндара ба деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб об оварда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ҳамдастӣ бо Ширкати барқии «Помир энерҷӣ» бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони деҳаи дурдасти Булункӯли Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб, ки асосан ба чорводорӣ машғуланд, лоиҳаеро роҳандозӣ намудаанд.

Мутобиқи лоиҳаи мазкур,  соли равон 50 гектар  чарогоҳҳои ин водӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар ин водӣ садҳо гектар замини тахту ҳамвор вуҷуд дорад, ки бо сабаби норасоии об пас  аз як моҳи фасли тобистон марғзорони он ба дашти хушку пурғубор табдил меёбанд. Чорводорон маҷбур мешаванд чорвои худро ба рӯдхонаи кӯҳӣ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии беш аз се ҳазор метр ҷойгир буда, атрофи он замини пур аз алаф аст, кӯч диҳанд. Аммо аз соли оянда  сокинони деҳа чорвои худро назди рӯдхонаи кӯҳӣ набурда, оби дарёро  тавассути канал ба деҳа интиқол медиҳанд.

Як тан аз масъулини сохтмони канали мазкур Лутфӣ Саидтарабов гуфт, ки «чанд даҳсола пеш сокинони ин водӣ бо истифода аз ҷӯйборҳо  марғзоронро обёрӣ менамуданд. Аммо  ҳоло бар асари гармшавии иқлим оби ҷӯйборҳо хушк шуда, саршумори чорво низ коҳиш ёфтааст. Акнун дар масофаи 5  километр канал сохта шуда, оби  он ба ҷӯйбор расонида мешавад.  Дар натиҷа 50 гектар замин бо об таъмин шуда, саршумори чорво ҳам рӯ ба афзоиш мениҳад».

Сокинони водии Булункӯл акнун имконият пайдо мекунанд, ки масоҳати кишти сабзавотро низ васеъ намоянд. Соли гузашта олимони Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин водӣ чанд намуди тухми картошкаро ба таври таҷриба кишт карданд. Баъди ба деҳа омадани об олимон ба сокинони водӣ тавсия хоҳанд дод, ки бояд  кадом намуди тухмиҳоро истифода баранд.

АМИТ «Ховар»

Tags: