НАФАҚА БАРОИ …ФАВТИДАГОН? Дар ноҳияи Рӯдакӣ 325 ҳазору 723 сомонӣ ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бозпас гардонида шуд

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо филиали рақами 13-и «Амонатбонк» дар шаш моҳи соли равон оид ба баъди фавти нафақагирон бозпас гардонидани маблағи андозаи нафақа ва чор моҳ амалиёт нагузаронидани нафақаи нафақагирон, ки дар суратҳисоби бонкиашон маблағи бақияи нафақа вуҷуд дошту онҳо сари вақт амалиёти бонкӣ нагузаронидаанд, санади муқоисавӣ гузарониданд. Тибқи он аз 1149 нафар нафақахӯр 879 ҳазору 175 сомонӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида шуд,  иттилоъ  медиҳад хабанигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддин МАҲМУД.

Гуфта мешавад, ки аз ин шумора 626 нафар нафақагирони фавтида мебошанд, ки маблағи бозпасгардидаи онҳо 325 ҳазору 723 сомониро ташкил медиҳад.

Муовини  сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Рӯдакӣ Олим Ҷураев гуфт, ки «20 июни соли равон барои 1175 нафар нафақагироне, ки  аз соли 2017 то инҷониб амалиёт нагузаронидаанд ва маблағи бақияи нафақаашон 75 ҳазору 756 сомониро ташкил медиҳад, ба мудири филиали рақами 13-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиати хаттӣ намудем. Айни замон масъалаи бозпас гардонидани нафақаи 1175 нафар мавриди санҷиш қарор дорад».

Хотиррасон менамоем, ки тибқи меъёрҳои қонунгузрии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар бораи санаи  фавти шаҳрвандон мақомоти САҲШ бояд сари вақт ба мақомоти марбутаи нафақа хабар диҳанд.  Тавре  мутахассиси САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ Муборак Мирзоева иброз медорад, дар асоси мубодилаи иттилоот  дар бораи бақайдгирии давлатии вафоти шаҳрвандон  соли равон зиёда аз 8 маротиба ба раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯйхат оид ба фавти шаҳрвандон  бо шумораи 873 нафар пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора 640 нафар нафақагирон мебошанд,   пардохти нафақаи онҳо  сари вақт қатъ карда шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: