Олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон аз рўйи таҳқиқоти 98 мавзӯъ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд

Дар шаш моҳи соли 2019 олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотро аз рўйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла 57 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суханронӣ дар маҷлиси умумӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ибрози андеша намуд. 

Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи олимони соҳаи физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, ҳамчунин соҳаҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳо ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рўйи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои нав, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон равона карда шуд.

Олимони соҳаи таърих, забон, адабиёт ва иқтисод ва монанди инҳо таҳияи асари сеҷилдаи «Таърихи Тоҷикистон. Замони истиқлол», омода намудани харитаи бостоншиносии ноҳияҳои  Ҷалолиддини Балхӣ, таҳлили натиҷаи тадқиқоти ёдгориҳои ноҳияҳои Темурмалик,  Муъминобод, Айнӣ, Рашт, Шаҳритус, Фархор, омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ғайра, таҳқиқи таърихи фалсафаи тоҷик аз асрҳои миёна то асри ХХI, роҳҳои инкишофи ҷаҳонбинии фалсафӣ ва тафаккури фалсафиву мантиқӣ ва эҷодӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, омўзиши масъалаҳои амнияти миллӣ дар ҷомеаи муосир, пайдоиш ва иншикофи ҳуқуқи байналмилалӣ дар  минтақаи Осиёи Марказӣ, фолклори тоҷикони дарунмарзӣ ва бурунмарзӣ, таърихи пайдоиш ва таҳаввули забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» (ҷилдҳои 2,3,4), «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ» (ҷилди дуюм), таҳияи Консепсияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои иқтисодӣ — демографии оила ва ташаккули сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавиро идома доданд.

Инчунин дар ҷаласа роҳбарони муассисаҳои АИ ҶТ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2019 ҳисобот доданд.

Дар охири ҷаласа як гурӯҳ кормандони Академияи илмҳо барои саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: