ФУТБОЛ: «Истиқлол» бар дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе ғолиб омад

Шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе вохӯрии мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ-    «Истиқлол»-и Душанбе  ва КМВА «Помир»-и Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон  баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи «Истиқлол» хотима ёфт.  Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин аввалин бозии чемпиони феълии мамлакат ва садрнишини ҷадвали Лигаи олӣ пас аз барканории Ҳаким Фузайлов маҳсуб меёбад. Дар дербии Душанбе соҳибони майдон бе мушкилӣ ҳарифони худро дучори шикаст намуданд. Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Дар поёни нимаи аввал Шериддин Бобоев бо голи задааш дастаҳоро ба танаффус бурд. Ҳамлагар Шаҳром Самиев баъди ба майдон омаданаш дар дақиқаи 79-ум голи сеюмро ба номи худ сабт кард. Ҳамин тавр, дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  бо касби 25 хол пешсафи  ягона дар ҷадвали мусобиқа шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе  баъди чанд рӯзи дигар бозии дигари мавқуфмондаро бо дастаи  «Панҷшер»-и  Ҷалолиддини Балхӣ  барпо хоҳад кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: