Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуда, бинои маркази савдои «Хингоб» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки дар ин намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад ва таваҷҷӯҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуғли асосии сокинони ноҳияи Сангвор кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат ҳамасола бо васеъ намудани майдони зироати гуногун ва боғоти мевадиҳанда маҳсулоти зиёд ба даст меоранд ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳияи Сангвор соли равон дар майдони 650 гектар картошка, 188 гектар ғалладонагӣ кишт намуда, 27 гектар боғҳои нави мевадиҳандаи себу нок, аз ҷумла 1 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд кардаанд.
Аҳли заҳмати ноҳия ҳамчунин соли ҷорӣ парвариши полезиҳо, аз ҷумла тарбузу харбузаро дар майдони 3 гектар ба роҳ монда, нақша доранд, ки дар таъмини сокинон бо маҳсулоти худӣ саҳмгузор бошанд.
Дар намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони номдори ноҳияи Сангвор намудҳои гуногуни асали табииро, ки аз гулу гиёҳҳои нотакрори ин гӯшаи дорои табиати дилфиреби мамлакат омода карда мешавад, муаррифӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки иқлими ноҳияи Сангвор барои занбӯрпарварӣ хеле мувофиқ буда, кишоварзон ҳамасола бо афзун намудани оилаҳои занбӯри асал маҳсулоти зиёди аз ҷиҳати экологӣ тозаву табобатӣ ба даст меоранд.
Феълан дар ноҳияи Сангвор шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 12 ҳазору 900 адад мерасад ва занбӯрпарварон нақша доранд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодро боз ҳам афзун ва дар таъмини сокинон бо асали табиии худӣ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар саҳми назаррас дошта бошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз гӯшаи дастранҷи кишоварзони кордону ботаҷрибаи ноҳияи Сангвор Маркази савдои «Хингоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази савдои «Хингоб» аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маркази савдо бо 10 ҷойи корӣ, дар ошёнаи дуюм чойхона барои 60 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхонаи замонавӣ сохта шудааст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити маркази савдо иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Давлатхӯҷа Хушвахтов бо харҷи беш аз 700 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Дар чойхонаи миллӣ барои сайёҳони хориҷӣ хӯрокҳои миллӣ омода ва пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо тамоми шароити зарурӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ таъмин мебошанд.
Дар Маркази савдои «Хингоб» дар маҷмуъ наздики 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Масоҳати умумии бино 180 метри мураббаъро дар бар гирифта, дар соҳили дарёи Хингоб хеле назаррабо ба назар мерасад.
Дар атрофи бино барои истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон ду суҳбаткада бо нақшу нигори миллӣ сохта шудааст.
Ноҳияи Сангвор дорои табиати зебо ва мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ буда, ҳамасола аз он сайёҳони хориҷӣ дидан мекунанд.
Дар шафати маркази савдо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи иборат аз маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандиро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муззафар Рафиев бо харҷи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ дар зарфи се моҳ сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити маркази савдо ва коргоҳи ҳунармандӣ масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида ва муаррифии ҳарчи бештари ҳунарҳои миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ таъкид доштанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва даромади хуб таъмин шуданд.
Масоҳати умумии бино 234 метри мураббаъро ташкил дода, таҳхонаи он чун анбори нигаҳдории маҳсулот истифода карда мешавад.
Дар коргоҳи ҳунармандӣ феълан 5 нафар ҳунармандони ноҳия ба фаъолият ҷалб гардида, бо санъати нотакрори кандакорӣ аз чӯб ҳаргуна ашёи зарурӣ омода ва пешниҳоди хоҳишмандон мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мавриди истифода қарор додани марказҳои хизматрасонӣ ва суҳбат бо кормандону масъулин иншооти ба истифодадодашударо туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми ноҳия дар рӯзҳои таҷлил Ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд.
АМИТ «Ховар»