Дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт як қатор иншооти истеҳсолию хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Субҳи рӯзи 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Меҳмони олимақомро дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Сағирдашт, роҳбарияти вилояту ноҳия ва аҳли санъату фарҳанг бо меҳмоннавозии хоси мардуми кӯҳистони Дарвоз ва шодию нишоти беандоза истиқбол гирифтанд.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиберо бо омезиши санъати муосир ва расму ойинҳои миллӣ манзур намуданд.
Барномаи аҳли ҳунару фарҳанги ин гӯшаи зебои Тоҷикистонро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамошо карда, ба ҳунари мардуми ноҳияи Дарвоз баҳои арзанда доданд