бқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ва дар ин замина дастгирии фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, рушди ҳунарҳои дастӣ, таъмин намудани занону духтарони хонашин бо ҷойи кори доимӣ, тақвият бахшидан ба меҳнати хонагӣ, аз ҷумла, намудҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ 40 грант ба маблағи беш аз 160 ҳазор сомонӣ таъсис дода мешавад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода масъули шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, тибқи қарори мазкур, 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ буда, он ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси ҷамъбасти озмун ҷудо ва супорида мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки соли гузашта низ дар таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд -24 сентябр 40 нафар занони ҳунарманд, барои саҳми намоён гузоштан дар рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон соҳиби гувоҳнома ва гранти раиси шаҳр гардида буданд.
АМИТ «Ховар»