Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти осоишгоҳ расман оғоз бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, биноҳои осоишгоҳи мазкур бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дар онҳо барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматрасонии осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуда, ба иҷрои корҳои анҷомёфта ва бунёди биноҳои нав баҳои баланд доданд.
Осоишгоҳ дар як мавзеъи зебо ва хушбоду ҳавои ноҳияи Рашт бунёд карда шуда, аз 17 бино иборат мебошад ва макони хуби истироҳату тавонбахшӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳад буд. Дар биноҳои алоҳидаи осоишгоҳ шароити мусоиди истироҳат фароҳам буда, барои калонсолону кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бунëд карда шудааст.
Осоишгоҳ дорои ошхона барои 65 нафар, майдони хурди футбол, волейбол ва майдончаи бозии кӯдакона мебошад.
Барои дармонбахшию истироҳати кормандони ҳифзи ҳуқуқ биноҳои осоишгоҳ бо навтарин таҷҳизот таъмин карда шуда, имкон аст, ки дар як вақт то 60 нафар ба истироҳату тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд.