Ҳамватанони азиз!
Субҳи панҷуми моҳи июн иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар хушбахтиву некрӯзӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.
Хурду бузурги кишвари мо шукрона мекунанд, ки ҷашну идҳои милливу давлатӣ ва анъанаву ойинҳои аҷдодии худро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои фарҳанги миллиамон истиқбол мегиранд.
Сарчашмаи ҳамаи дастоварду падидаҳои неки қариб се даҳсолаи охир истиқлолияту озодии Тоҷикистони азизамон мебошад.
Аз ин хотир, расидан ба қадри истиқлолияту озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, саъю талош барои пешрафту ободии Ватан, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон қарзи имонӣ ва вазифаи инсонии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Яъне мо бояд тамоми нерӯи худро ба ҳамин самт равона карда, наслҳои наврас ва ҷавононро, ки созандагону соҳибони ояндаи Тоҷикистон мебошанд, дар рӯҳияи ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ, пос доштани муқаддасоти Ватан ва эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллати куҳанбунёдамон тарбия кунем.
Боиси хушҳолист, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳиммати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кӯдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамон низ саҳми арзанда мегузоранд.
Ман ба ҳамаи онҳое, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро анҷом додаанд, изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки минбаъд сафи чунин шахсони саховатпешаву савобҷӯй боз ҳам бештар мешавад.
Ҳар амали хайр ва навозишу дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону ниёзмандон дар фарҳанги мусулмонӣ аз ҷумлаи амалҳои писандидатарин ба ҳисоб меравад.
Моҳияти инсондӯстӣ ва таҳаммулгароии дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида ба таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва тақвияти робитаҳо миёни сокинони мамлакат мусоидат менамояд.
Ҳанӯз дар марҳалаҳои аввали густариши ислом фарзандони донишманду фарзонаи халқи соҳибтамаддуни тоҷик, ба монанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Имом Бухорӣ дар тафсиру таблиғи андешаҳои инсонпарварона, омӯзиши илму маърифат ва одобу фарҳанг нақши барҷаста бозидаанд.
Воқеан, равшан нигоҳ доштани чароғи маърифат, раҳнамоии наслҳо ба азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар яке аз самтҳои муҳимтарини таълимоти ниёгони соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо ҳамин сабаб, дар замони Сомониён фаризаҳои динӣ, аз ҷумла суннатҳои моҳи шарифи Рамазон хусусияти миллӣ пайдо кардаанд.
Ва дар асрҳои баъдӣ омӯзиши донишҳои дунявӣ баробари улуми динӣ ба ҳукми анъана даромада, аз миёни намояндагони ниёгони мо нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба камол расидаанд.
Яъне дар ниҳоди тоҷикон ҷустуҷӯи илм ва ба ин васила таъмин намудани рӯзгор сиришти қадимӣ доштааст.
Маҷрои тезутунди пешрафти асри нав ва рушди илму технологияҳо моро водор месозад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани истиқлолият ва таъмин намудани рушди иқтисоди миллӣ аз навгониҳои илму дониш, тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини илму техника ва имкониятҳои торафт афзояндаи соҳаи иттилооту коммуникатсия ҳарчи бештар истифода намоем.
Зеро бидуни маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии муосир, тафаккури навтарини техникиву технологӣ, малакаи баланди касбӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ бо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва илму техникаи пешрафта баробар қадам гузоштан мушкил мебошад.
Бинобар ин, вазифаи имониву инсонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва мусулмони равшанфикр имрӯз ва ҳамеша аз он иборат аст, ки баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандиашро низ ба ҷо орад ва ҳамаи кӯшишу талоши худро ба сӯи оромиву ободии Ватан, пешрафти давлат, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастовардҳои мо мебошанд, равона созад.
Дар ин бобат мехоҳам як ҳадиси пайғамбари исломро хотиррасон намоям, ки чунин аст: — «Ҳеҷ гоҳ аз корҳои нек дурӣ наҷӯед. Ба ободӣ ва ислоҳи дунё кӯшишу ғайрат намоед».
Рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар миқёси сайёра идома доранд, мову шуморо водор месозанд, ки зиракии сиёсӣ, нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори миллиро ҳаргиз аз даст надиҳем.
Дар баробари ин, нагузорем, ки ғояҳои зӯроварӣ, ақидаҳои ифротӣ, ҷудоиандозиву нифоқангезӣ, дар кадом шакле набошад, зиндагии орому босуботи мардуми моро халалдор созанд.
Эътиқоду эътимод ва имону иродаи инсонҳои худоҷӯйро бояд ба роҳи ободиву созандагӣ ҳидоят кард, на барои ангехтани нифоқу кина ва анҷом додани амалҳои зишту номуносиб.
Ҳамватанони гиромӣ!
Фарорасии иди Фитрро мову шумо бо оростани дастурхони идона, вале бо риояи қоидаҳои сариштакорӣ ва парҳез аз исрофкорӣ, бо қалби поку ниятҳои нек интизор мешавем, ба аёдати падару модарон ва калонсолон меравем, ба арвоҳи гузаштагонамон аз оятҳои каломи раббонӣ тиловат мекунем, ба азодорон таскин медиҳем ва қарзи имониву виҷдонии худро адо менамоем.
Бузургтарин савоб дар ин рӯзҳо хайру саховат кардан ба эҳтиёҷмандону дармондагон, оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хабар гирифтан аз ҳоли онҳо мебошад, зеро ба таъбири бузургони халқамон аҷру подоши он аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёд мебошад.
Аз ин рӯ, хайру саховат ва меҳрубонӣ кардан ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо, ки дар рӯзҳои ид чашми умед ба сӯи мо дӯхтаанд, қарзи инсонӣ ва мусулмонии ҳар фарди худоҷӯй ва инсондӯст аст.
Бори дигар иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми кишварамон табрик гуфта, барояшон саломатӣ, бахту саодат ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони арҷманд!