Дар маркази ноҳияи Лахш, бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои мазкур аз 12 манзили як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, барои афсарони қушунҳои сарҳадӣ ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ пешбинӣ гардидааст ва аз тӯҳфаи навбатии Пешвои миллат нисбати низомиён дониста мешавад.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузор Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Корҳои лоиҳакаширо бошад Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» ва пудратчигиро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Равшани хизматрасон» бар душ доштанд. Масоҳати умумии бино 10 ҳазору 64 метри квадратӣ мебошад.
Бунёди иншоот моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, бо саъю талошҳои масъулин инак пурра ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуд.
Маблағи лоиҳавии иншоот 3 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат дар ин ҷо калиди ҳуҷраҳоро шахсан ба соҳибони хуштолеъ супориданд ва ба сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамшуда дар манзилҳои истиқоматӣ бевосита шинос гардиданд.
Чуноне аён гардид, манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми шароити лозима, аз қабили ҷиҳози зарурии рӯзгордорӣ таъмин буда, дар онҳо барои бошандагон имконияти муосири зиндагӣ фароҳам карда шудааст.
Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилгардида барои дастгириҳои пайвастааш ба роҳбари давлат арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.
Ба хотири таъмини фароғати фарзандони бошандагон, дар як гӯшаи майдони ҷойгиршавии бино, ки кабудизору сабзпӯш гардонида шудааст, майдонча барои бозӣ ташкил гардидааст.
Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити бино, ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз бошандагон даъват намуданд, ки бо ҳалли мушкилоти иҷтимоиашон, хизмат ба халқу ватандро аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.