Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро сазовори 4 медал гардиданд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни  калонсолон  дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон, ки ба хотири варзишгари маъруфи ин давлат Ҷамшед Ҳофизов баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 6-8 май бо иштироки беҳтарин паҳлавонони  Тоҷикистон, Қирғизистон ва дастаҳои Ӯзбекистон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар маҷмааи варзишии «Ҳумо» доир  шуд.

Бояд зикр кард, ки  дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали тиллоро Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг сазовор шуд. Ислом Маҷидов дар вазни 60кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 97кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии варзишгарони мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

Tags: