Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «М-Сайёд»-и ноҳияи Дарвоз ба ҳифзу нигоҳдории яке аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон-бузи морхӯр ё пармашох аҳамияти хосса зоҳир мекунад. Зеро дар аввали солҳои навадум бар асари шикори ғайриқонунӣ ин навъи ҳайвони нодир қариб рӯ ба нестшавӣ овард.
Сардори Ҷамъияти мазкур Давлатхон Муллоёров гуфт, ки «баъди сабти ташкилоти мазкур аввалин коре, ки мо анҷом додем, ин таҳкими ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва дигар мавҷудоти зиндаи мавзеъҳои Яхчисору Яхчиминаи ноҳия буд. Бузи пармашох ё морхӯр аз ҷумлаи он ҳайвоноти нодири Тоҷикистон аст, ки дар ҳудуди зери муҳофизати ин ҷамъият мавҷуд аст ва то нимаи солҳои 90 дар натиҷаи шикори ғайриқонунӣ ва бераҳмона ба он маҳвшавӣ таҳдид мекард. Замоне ки ин ташкилоти ҷамъиятиро ба қайд гирифтанд, дар мавзеъ саршумори бузи морхӯр то ба 15 сар расида буд. Дар зарфи 15-20 соли охир саршумори ин намуди буз то ба 400 сар расид».
Ба гуфтаи сардори ҶДММ «М Сайёд», баъди он ки роҳбарияти кишвар барои рушди сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овард, онҳо тасмим гирифтанд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити хуб муҳайё созанд. Зеро ҳам теъдоди довталабони шикори бузи морхӯр ва ҳам сайёҳоне, ки муштоқи дидани манзараҳои зебои ин диёранд, рӯ ба афзоиш мениҳад. Бинобар ин дар канори меҳмонхонаи душоёна, ки чанд сол пеш сохта шудааст, боз меҳмонхонаи нави сеошёна бунёд мекунанд.
Ҳамасола барои шикори бузи морхӯр Ҳукумати ҷумҳурӣ се иҷозатнома муқаррар намудааст. Нархи шикори як бузи морхӯр 45 ҳазор сомонӣ буда, дар сурати афзоиши саршумори он шикорчиён ин иҷозатномаро бештар ба даст меоранд.
АМИТ «Ховар»