Ҳамватанони азиз!
Ин лаҳзаҳо, ки ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи ҷаҳонӣ фаро расидааст, тамоми сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — шаҳри Душанберо самимона табрик мегӯям.
Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки дар шаҳри Душанбе – пойтахти зебои давлати Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон таҷлили Наврӯзи бостонӣ сол ба сол шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо мекунад, ки маросими баргузории яке аз падидаҳои нодири фарҳанги наврӯз, яъне «Корвони наврӯзӣ» намунаи он мебошад.
Тибқи маълумоти таърихӣ гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо номи “Корвони наврӯзӣ” маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, то ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад.
Таваҷҷуҳ ба ҳикмату муҳтавои ин суннати наврӯзӣ як ҷанбаи хеле муҳимми он, яъне ойини пурра мардумӣ будани онро бори дигар собит месозад ва дар умум, Наврӯзро ҳамчун ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонпарварӣ ва созандагиву ободгарӣ муаррифӣ менамояд.
Ба маънии дигар, дар рӯзи таҷлили ин ҷашн одамони зиёд пиёдаву савора маҳаллаву гузарҳои шаҳрҳоро сайр мекарданд ва ба мардум аз омадани Наврӯз хушхабар мерасониданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз сарватмандон ва хайрхоҳону саховатпешагон ба корвони наврӯзӣ ҳамроҳ шуда, талош мекарданд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон хайру эҳсон намоянд.
Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастҷамъона амалӣ намудани чунин иқдомоти нек боис мегардад, ки одамон бо иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак расонанд ва дар ин асос эҳсоси дӯстиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият пайдо намояд.
Корвони наврӯзӣ, ки имрӯз дар пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе баргузор мешавад, беҳтарин суннатҳои Наврӯзи ниёгонамонро таҷассум намуда, суннату ойинҳои қадимаро бо қабои идона ва ба сурати нав, яъне мутобиқ ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дигарбора эҳё гардонидааст.
Бо шакли нав ва мазмуну муҳтавои тоза доир намудани “Корвони наврӯзӣ” дар майдони марказӣ ва зебои пойтахтамон ба мардум шодиву нишоти нав мебахшад, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Рӯҳияи баланди мардуми пойтахт, дастгирии самимонаи ташаббусҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҷониби онҳо далели равшани он аст, ки сокинони шарафманди шаҳри Душанбе дар баробари дигар ҳамватанони азизи мо бо орзуи он, ки Наврӯзи имсола ба пешвози арзандаи ҷашни 28 — солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саодату комронӣ ва дастовардҳои бузургро ба армуғон оварад, ин ҷашни мубораки миллиро бо шукӯҳу самимият ва ташаббусҳои созанда истиқбол мегиранд.
Таҷлили бошукӯҳу дастҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани муқаддасамон, аз лиҳози иқтисодӣ нерӯманду пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имрӯза беҳтар намудани зиндагии мардуми шарифи кишварамон ҳарчи бештар заҳмат кашем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем.
Бо ибрози ниятҳои нек барои амалӣ гардидани тамоми нақшаҳои ободгаронаи мардуми Тоҷикистон бори дигар сокинони сарбаланди шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни Наврӯзи бостонӣ, яъне соли нави миллиамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, хайру баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург орзумандам.
Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
АМИТ «Ховар»