Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохтанд.
Парчами давлатӣ бо садо додани Суруди миллӣ дар фазои орому осудаи Ватан, дар маркази шаҳри Норак партавафшон карда шуд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.
Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд гардида, атрофи он бо гулу бутаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст.
Поя ва майдони Парчами давлатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд шудааст.
Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ин мавзеъ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳри Норак зебогии бештар зам намояд аз тарафи дигар майдони он барои истироҳату фароғати сокинон басо созгор аст.
Парчами давлатӣ дар ин макони сераҳолии шаҳр бо хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бунёд гардидааст.
АМИТ «Ховар»