Муборизаи чор дастаи лигаи олӣ барои Ҷоми Тоҷикистон

 1-уми октябр бозиҳои аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешаванд.
Дар даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 чор дастаи лигаи олии футболи кишвар ширкат меварзанд. Бозиҳои аввали нимниҳоӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и Фархор бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи шанбеи 1-уми октябр соати 16:00 шурӯъ мешаванд.
Бозии ҷавобии чорякниҳоӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» 27-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад. Дар бозии аввали чорякниҳоӣ дастаи футболи «Регар -ТадАЗ» дар майдони худ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб бори 25-ум аст, ки барпо мешавад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар- 6 бор дастаи «Регар-ТадАЗ» Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Тимҳои «Истиқлол» панҷ бор ва «Хуҷанд» се бор барандагони Ҷом шудаанд.
Дастаҳои «Вахш»-и Қурғонтеппа, «Варзоб»-и Душанбе ва «Парвоз» (собиқ «Авиатор»)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, «Помир»-и Душанбе, «Ситора»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Tags: