Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

ПрезидентОмӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама шуморо ба муносибати фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҷашни аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, табрик мегӯям.

Тибқи анъанаи қадимаи халқамон дар арафаи ин ҷашни бузург мардум манзили зисташонро тозаву озода намуда, ашёи кӯҳнаву шикастаро аз манзили зист дур месохтанд, даст ба корҳои созандагиву ободкорӣ зада, ба соли нав бо нияти нек қадам мемонданд.

Маҳз дар идомаи ин анъанаи гузаштагони некноми худ мо имрӯз дар айёми омодагӣ ба истиқболи Наврӯз боз як иншооти нави таълимиро дар пойтахти кишварамон ба истифодаи насли ояндасози Ватанамон супоридем.

Бинои мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёд гардида, идомаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муассисаи таълимии имрӯза барои 1560 ҷойи нишаст бунёд гардида, аз 4 ошёна, 38 синфхона, аз ҷумла, кабинетҳои фаннию озмоишӣ ва компютерӣ, шоҳмот ва рассомӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ, инчунин китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзиш ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Илова бар ин, синфхонаи алоҳида барои маркази инкишофи кӯдак омода ва таҷҳизонида шудааст.

Яъне дар синфхонаҳои он барои истифодаи омӯзгорону хонандагон тамоми шароити зарурии сатҳи баланд бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, озмоишгоҳӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ муҳайё гардидаанд.

Мақсади асосии мо аз бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе дар баробари аз байн бурдани норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагони мактабҳои пойтахт баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

Нишондиҳандаҳои солҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки аҳли маорифи пойтахт дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Аз ҷумла дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе филиалҳои Маркази рушди истеъдодҳо таъсис дода шуда, дар онҳо кӯдакону наврасони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Маҳз ба шарофати ин тадбирҳо соли 2018-ум хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори 149 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 78 ҷой зиёд аст.

Шумораи ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бошад, ба 213 нафар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 86 нафар зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дохилшавии хатмкунандагони пойтахт ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта 25 фоиз ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат 54 фоиз афзудааст.

Бо мақсади рушду такомули раванди таълиму тарбия дар соҳаи маорифи пойтахт бо қарорҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соли 2018 се барномаи муҳимми рушд — Барномаи рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020, Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои соҳои 2018-2020 ва Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе барои солҳои 2018-2020 қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Ин аст, ки раванди азнавсозиву бунёдкорӣ дар соҳаи маорифи пойтахт суръати бесобиқа касб намуда, ҳоло сохтмони 21 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 40 ҳазор ҷойи нишаст босуръат идома дорад ва дар сурати ба анҷом расидани корҳо дар иншооти оғозгардида ва ба нақша гирифташуда мушкилоти таъминот бо ҷойи нишаст дар пойтахт асосан ҳаллу фасл мегардад.

Бо дарназардошти он, ки истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва дастрасӣ ба захираҳои электронии иттилоот хеле муҳим мебошад, ҳоло дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба як компютер 11 нафар хонанда рост меояд, ки ин ба меъёри муқараргардида баробар аст.

Тавре ки маълум аст, рушди муназзами ҷомеа, қабл аз ҳама, аз вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи маориф ва илм вобаста аст.

Маҳз бо ҳамин сабаб, Ҳукумати мамлакат ин соҳаҳоро дар мадди аввали сиёсати иҷтимоӣ гузошта, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, маърифатнок ва соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар робита ба ин, андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти таълими илмҳои дақиқ ва ташвиқи наврасону ҷавонон ба ихтироъкориву навоварӣ аз ҷумлаи корҳои бисёр зарурӣ дар шароити муосир, яъне замони пешрафти бесобиқаи илму техника мебошад.

Ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ қарор додани саноатикунонии босуръати мамлакат тақозо менамояд, ки ба ин масъала ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намуда, доир ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаҳои техникӣ пайваста чораҷӯӣ карда шавад.

Саноатикунонии мамлакат тақозо менамояд, ки дар кишвар низоми муосири омода кардани кадрҳои коргарӣ, мутахассисони соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳандозӣ карда шавад.

Дар кишвар солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, барои бунёди заминаҳои нави саноатикунонии мамлакат иқдомоти зиёде амалӣ шуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҳазорҳо иншооти нав ба нақша гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо дар деҳот сохта мешаванд.

Бо ин восита мо метавонем, ки барои хонандагон, яъне наврасону ҷавонони деҳот шароити мусоиди зиндагӣ ва таълимро муҳайё намоем.

Дар баробари таълим ва азхудкунии илму донишҳои замонавӣ муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилотро зарур аст, ки ба масъалаҳои тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, якҷо бо оила ва ҷомеа дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корҳоро тақвият бахшанд.

Дар пойтахти мамлакат тайи ду соли охир беш аз 300 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон сохта, ба истифода дода шуд ва ҳоло бунёди боз қариб 60 майдончаи дигар идома дорад, ки то охири соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад.

Эҳтиёт кардану тозаву озода нигоҳ доштани майдончаҳо, инчунин, синфхонаву муассисаҳои таълимӣ ва атрофи онҳо, хусусан, дар арафаи ҷашни Наврӯз, ки ойини покиву зебоӣ мебошад, вазифаи ҳар як сокини шаҳр, аз ҷумла аҳли маориф ва хонандагону донишҷӯён ба ҳисоб меравад.

Ба назар бояд гирифт, ки истифодаи оқилонаи майдонҳои варзишӣ, маҳфилҳои фаннии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ба хониши китобҳои бадеӣ ҷалб намудани насли наврас, муҳайё сохтани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва роҳандозии чорабиниҳои дигари фарҳангиву маърифатӣ дар самти тарбияи наврасону ҷавонон натиҷаи хуб медиҳанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа ва махсусан, наврасону ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу анъанаҳои ниёгон тарбия карда шавад.

Хотирнишон месозам, ки хонандагони мактабҳои пойтахти кишвар бояд аз ҳама лиҳоз, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати одобу ахлоқ, сатҳи донишу маърифат ва риояи қонуну тартибот пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.

Дар иҷрои ин вазифаи бузургу пурмасъулият саҳми аҳли маориф ва кормандони муассисаҳои таълимӣ бояд калидӣ ва ҳалкунанда бошад.

Дар охир ба муҳандисону сохтмончиёни ватанӣ, ки бо заҳмати софдилонаи онҳо бунёди иншооти имрӯза дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст, барои саҳми арзандаашон дар фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму наврасону ҷавонони пойтахт миннатдорӣ изҳор менамоям.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба муносибати ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз, ки чанд рӯз баъд фаро мерасад, табрик гуфта, ба ҳамаи шумо ҳаёти орому осуда ва ба хонандагони муассисаи навбунёди таълимӣ дар ҷодаи азхудкунии илму дониш ва омӯхтани касбҳои замонавӣ муваффақият орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва чун баҳори дар Ватани азизамон фарорасида сарсабзу хуррам бошед!

president.tj