Пагоҳ, 15 марти соли 2019 дар пойтахт Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин: дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ, дар бораи шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардидаанд.
АМИТ «Ховар»