Раёсати нахустини Тоҷикистон дар “Раванди Алмаато”

Шаҳри Душанбе муддати ду рӯз -12-13 феврали соли равон мизбони нишасти нахустини Гурӯҳи коршиносони техникии “Раванди Алмаато”- як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират буд. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин коршиносони Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар ин нишаст иштирок карда, роҷеъ  ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот намуданд.

Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ раванди минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти Душанбе аввалин чорабинии ин ибтикор аз соли таъсиси он- 2013 мебошад, ки таҳти Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби СММ ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ мерасонанд.

Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Раванди Алмаато барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси пойгоҳи муҳиме ҷиҳати идомаи муколама доир ба муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷирон хидмат менамояд. Ҳимояи муҳоҷирон, муқовимат ба савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, тарғиби ҳамгироии муҳоҷирон ва равишҳои бунёдии мудирияти муҳоҷират аз ҷониби ҳукуматҳо масоили муҳими соҳаи муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо ба тааври муштарак барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд».

Нишасти нахустини Гурӯҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар доираи лоиҳаи «Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё» баргузор шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: