Бишкек: риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо бо дрон

Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон аз ин ба баъд ба воситаи дронҳо (бесарнишинҳо) мониторинги ҳаррӯзаи вазъи муҳити зистро ба роҳ хоҳад монд.
Дронҳо хиёбонҳои марказии шаҳр, маҳаллаҳо, сохтмону ҳудуди бузургтарин корхонаву бозорҳои хусусиро назорат бурда, таваққуфҳои ғайриқонунӣ, тамбашавии мошинҳо, нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, сӯзондани балони воситаҳои нақлиёт ва мошинҳоеро, ки ҳаворо ифлос мекунанд, муайян хоҳанд кард.
Ташаббускорон изҳор медоранд, ки истифодаи дронҳо ба беҳсозии вазъи муҳити зисти Бишкек, ошкорсозии нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфҳои ғайриқонунӣ ва ҳалли мушкили тамбашавии мошинҳо мусоидат хоҳад намуд.

 

Tags: