Дар Душанбе вазъ ва ояндабинии таъмини молиявии рушди иқтисоди ҷумҳурӣ матраҳ гардид

Намояндагони мақомоти иқтисодию молиявии мамлакат дирӯз  дар Душанбе  дар мавзӯи «Вазъ ва ояндабинии  таъмини молиявии  рушди иқтисод дар Тоҷикистон» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор намуданд.

Сардори Раёсати   тадқиқоти масъалаҳои  макроиқтисодии   Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки   ҳамоиши мазкур бо ибтикори Маркази тақиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ҳадафи он  баррасии  ҷараёни иҷрои  вазифаҳое, ки дар Паёми  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олӣ зикр гардидаанд ва баррасии  тамоюлҳои асосию самтгирии  стратегии рушди  бахши молиявии мамлакат мебошад.

Дар ҳамоиш, ки  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, коршиносон  ва намояндагони  марказҳову пажӯҳишгоҳҳои  илмию тадқиқотӣ  ширкат доштанд,   вазъи кунунии   соҳаи молия,  таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаи мазкур, дурнамои фаъолияти  мақомоти молия  барои маблағгузории  лоиҳаҳои афзалиятдор ва муассисаҳои бонкӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш кормандони масъул ва мутахассисони  Бонки миллии Тоҷикистон,  вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, Кумитаи андоз ва дигар макомоти марбута доир ба  вазъи низоми бонкӣ  ва чораҳои солимгардонӣ,  ташаккул ва татбиқи сиёсати буҷети кишвар, таҷрибаи омоданамоии дурнамои  нишондиҳандаҳои  рушди  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/  барои давраҳои миёнамуҳлат, таъмини   ислоҳот  дар самти беҳтар намудани   фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ,  имтиёзҳои андозӣ ва хавфҳои эҳтимолии  онҳо сухан карда, пешниҳодҳои судманд  баён доштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: