БОЗЁФТИ ТАЪРИХӢ: профессор Аскаралӣ Раҷабов марқади Наҷмиддини Кавкабиро муайян намуд

14 декабри соли 2018, соати 9:00 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Наҷмиддини Кавкабӣ ва анъанаҳои таърихию бадеии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» конференсияи байналмилалии илмӣ доир мегардад. Соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ЮНЕСКО 550-солагии ин шоири барҷаста, мусиқидон ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ботантана таҷлил карда мешавад.

Конференсияи байналмилалӣ ба 550-солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ бахшида шуда, дар он масоили таърих, афкори иҷтимоию фалсафӣ, илм, эҷодиёти бадеии Осиёи Марказӣ, замону осори Наҷмиддини Кавкабӣ ва нақши он дар таърихи мероси бадеии мардумони ин минтақа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, мавлуди ходимони давлатӣ, адибон ва аҳли зиё дар гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ташаккули ҳофизаи таърихӣ нақш ва мавқеи муҳим дошта, то кунун дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ, хотирмону ҷолиб ва пурсамар ҷашн гирифта мешаванд.

Бино ба таъкиди мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Академияи илмҳо профессор Аскаралӣ Раҷабов,  ин ҷашнҳо дар омӯзиш, тарғиб ва густариши фарҳанг дар сатҳи байналмилалӣ ба марҳилаи сифатан нав оғоз мебахшанд. Наҷмиддини Кавкабии Бухороӣ аз барҷастатарин чеҳраҳоест, ки бо номаш саҳифаи рангин ва ибратомӯзи шеър ва мусиқии классикии тоҷик алоқаманд аст.

Аз замони Шӯравӣ инҷониб масъалаи ҷустуҷӯи марқади бузургони илму фарҳанги миллати тоҷик масъалаи мубрам баршумурда мешуд. Вобаста ба ин бисёр олимон ва муаррихон пажӯҳиш ва ҷустуҷӯҳо кардаанду мекунанд. Вале барои ҳамагон то имрӯз мадфани бисёре аз  ин шахсиятҳо, аз ҷумла, марқади падари маорифпарварони миллати тоҷик Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ ва Калободии Бухороӣ муаммо боқӣ монда буд.

Чанде пеш профессор Аскаралӣ Раҷабов бо мақсади муайян кардани марқади ин бузургон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари хизматии илмӣ намуд. Бо кӯшишу ҷустуҷӯҳои ин донишманди тоҷик марқадҳои Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ ва Калободии Бухороӣ пайдо гардиданд. Аскаралӣ Раҷабов дар натиҷаи таҳқиқоти пайваста тавонист, ки мадфани бузургонро дар Бухорову Насаф пайдо намояд ва аксҳо ҳам бардошта, бо худ овард.

Вобаста ба ин бозёфти таърихӣ Аскаралӣ Раҷабов иброз намуд, ки «миллати тоҷик дар тӯли таърих фаротар аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, махсусан дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Замашхар, Нишопур, Сарахс, Балх, Ҳирот ва амсоли  инҳо ташаккул ёфтааст. Ва шахсиятҳои бузурги мо ҳам марқадашон дар ҳамин шаҳрҳо воқеъ аст. Аз ҷумла, дар Замашхар яке аз бузургтарин олимони фанҳои дақиқ, ки нахусин шуда доир ба грамматика асар навиштааст, Муҳаммади Замашхарӣ мадфун аст. Наҷмиддини Кубро дар Гурганҷ ва даҳҳои дигар дар ҳар куҷо нуҳуфтаанд. Ба вижа, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро даҳҳо шахсиятҳои мо на танҳо даргузаштаанд, балки дар он ҷойҳо фаъолияти илмиву фарҳангии густурдае намудаанд».

Ба нақли ин олими тоҷик, дар иртибот ба ҷашни Сайидо ва Кавкабӣ соли равон ду маротиба ба шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро сафари хидматии илмӣ анҷом додааст. Ҳадаф аз сафари дуввум бевосита муайян кардани ҷои дафни Кавкабӣ, Сайидо ва дар як вақт Аҳмад Махдуми Дониш, Шамсиддини Шоҳин  будааст. «Мо соли 2017 190-солагии Аҳмади Донишро таҷлил кардем. Лекин баробари гузаронидани чорабиниҳои расмӣ марқади ин бузургонро ҳамчун зиёратгоҳ, на танҳо барои имрӯзиён, балки барои ояндагон, барои фаромӯш накардани ёдгориҳо ва шахсиятҳои таърихӣ бояд пайдо кунем ва обод нигоҳ дорем.

Аз ин рӯ, бо кумаки раиси шаҳри Бухоро Карим Камолов дар тӯли ду рӯзе, ки он ҷо будем, тамоми қабристонҳои Бухороро аз назар гузаронидем. Ҳамроҳ бо шахсиятҳои фарҳангии Бухоро маълум кардем, ки  Аҳмад Махдуми Дониш соли 1897 дар яке аз қабристонҳо, ки махсуси шахсиятҳои бузург буда, «Дахмаи биҳиштиён» (ин дахма аз садаи VIII то нимаи аввали садаи ХХ амал мекард) ном доштааст, гӯронида шудааст. Дар ин ҷо соли 1893 шоири бузург Шамсиддини Шоҳин ҳам дафн шудааст. Шамсиддини Шоҳин аз тарафи модараш, ки аз Ғиҷдувони Бухоро будааст, бо Аҳмади Дониш хешутаборӣ доштааст. Ҷои шубҳа нест, ки гӯр кардани Шоҳин дар «Дахмаи биҳиштиён» бо дахолати Аҳмад Махдуми Дониш сурат гирифта бошад»,-гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти А. Раҷабов, дар тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷаи Ҳасани Нисорӣ, шогирди Кавкабӣ навишта шудааст, ки соли 1532 баъди бозгашт аз сафари Машҳад дар миёнаи шаҳрҳои Ҳирот ва Бухоро аз ҷониби одамони шоҳ Таҳмосп дар зери таассуби шиа ва суннӣ Наҷмиддини Кавкабиро ба қатл мерасонанд. Ҷасади эшон дар гӯристон неву дар як маҳалла ба хок супорида мешавад, ки имрӯз он вуҷуд дорад ва А. Раҷабов аз он маҳалла дидан кардааст. Мақсад аз ин ҳама ковишҳову ҷустуҷӯҳои марқади шахсиятҳо он аст, ки бояд дар баробари осору эҷодиёти эшонро нашр кардану аз он баҳраҳо бурдан, мазорашон низ муайян ва ҳифз карда шавад. Чунки мадфани онон нигаҳдошти хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба шахсияташон хоҳад буд.

Мадфани Сайидои Насафӣ ҳам маълум гардид. Бино ба иттилои муаррихон, ҳаёт ва фаъолияти Сайидои Насафӣ бештар дар Бухоро гузаштааст, вале ҳеҷ кадом аз тазкиранависон зикр нанамудаанд, ки Сайидо дар куҷо хок шудааст. Шояд тибқи васияти худи Сайидо ӯро ба зодбуми худаш-шаҳри Насаф бурда, ба хок супурдаанд. Акнун рӯшан гардид, ки марқади Сайидо дар ноҳияи Муборак дар гӯристони деҳаи Қарноқ воқеъ аст. Азбаски сафар хеле кӯтоҳмуддат буд, ин олими тоҷик натавонистааст мазори Сайидоро зиёрат намояд.

Профессор Аскаралӣ Раҷабов аз ҷойи аввалае, ки ин бузургон хок шуда буданд, яъне аз «Дахмаи биҳиштиён» як кафӣ хоки гӯри  Дониш, Шоҳин, Кавкабӣ ва Калободиро бо худ овардааст. Ба андешаи ин донишманди тоҷик, «агар дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ин бузургон боғе ё маҳалеро бунёд ё номгузорӣ менамуданд, бо нишони рамз ин хок дар он ҷо гӯронида мешуд.  Ин барои мо хеле муҳим аст, зеро ононе, ки имкони ба Бухоро рафтан надоранд, ақаллан омада, дар ин ҷо марқади ин бузургонро зиёрат бикунанд».

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Tags: