Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Норд Азия Металл» иштирок намуданд.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҶСП «Норд Азия Металл» натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибкорони мамлакат буда, самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн. сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн. сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад.
Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад. Ба ҳисоби маблағ корхона дар як сол дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда ҳамсола 12 млн сомонӣ андоз месупорад.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Норд Азия Металл” аз бинои маъмурӣ ва коргоҳҳои истеҳсолӣ иборат буда шароити мувофиқи корӣ дорад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона беш аз 120 нафар соҳиби ҷойи корӣ гардида 2500 сомонӣ ва аз он зиёдтар маош мегиранд.
Зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолот ва техникаю технологияи корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки дар баробари бунёд ва ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ масъулини соҳа ҳамзамон бояд ба масъалаи омода намудани мутахассиони идоракунандаи кори истеҳсолот ва технологияи муосир таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда бо ин васила дар пешбурди нишондиҳандаҳои соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши сазовор гузоранд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хориҷӣ ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, далели воқеии фароҳам оварда шудани шароит ва имконияти мусоиди корӣ ба намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.