Ҳамдиёрони арҷманд!
Се рӯз пеш сокинони кишвари азизамон санаи мубораки соҳибихтиёриву соҳибдавлатиро бо рӯҳияи баланд ва дастовардҳои арзандаи идона ҷашн гирифтанд, ки дар ин раванд заҳматкашони ноҳияи Зафаробод низ саҳми сазовор доранд.
Аз фурсати муносиб истифода карда, кулли сокинони заҳматқарину сарбаланди ноҳияи Зафарободро ба ифтихори ин санаи муқаддас бори дигар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо сиҳатмандӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Ҳамчунин, ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва мардуми ноҳияро ба муносибати Иди саиди қурбон, ки онро мардуми мусулмони мо имрӯз ба ҳайси яке аз маросимҳои муҳимми суннатии худ таҷлил мекунанд, сидқан табрик мегӯям.
Хурсандиовар аст, ки ба истиқболи биступанҷсолагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Зафаробод, ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.
Маҳз ба шарофати соҳибихтиёрии давлатамон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Зафаробод сол ба сол тараққӣ карда, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Масалан, ҳаҷми буҷети ноҳия аз 380 ҳазор сомонии соли 1992 то 18 миллион сомонӣ дар соли 2015 расидааст.
Ҳамзамон бо ин, дар ин давра барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия танҳо аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар 14 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати пешрафти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 250 миллион сомонӣ хароҷот гардидааст.
Имсол сокинони ноҳияи Зафаробод дар баробари таҷлили ҷашни истиқлолият, инчунин, барои ҷашнгирии ду санаи барои ноҳия муҳим, яъне 55 — солагии азхудкунии заминҳои Мирзочӯл ва 50 — солагии таъсисёбии ноҳия омодагӣ дида, хеле корҳои ободгаронаро анҷом додаанд.
Дар доираи корҳои ободонӣ имрӯз баъди анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ дар маркази ноҳия хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардид, ки симои ноҳияро куллан тағйир дода, ба макони дӯстдоштаи истироҳату фароғати сокинон табдил хоҳад ёфт.
Зимни сафари қаблӣ изҳор дошта будам, ки ноҳияи Зафаробод диёри родмардон, афроди бонангу номус ва ватандӯсту сарбаланд аст, ки бо заҳмату ғайрати ватандӯстонаи худ бо номи фотеҳони Мирзочӯл машҳур мебошанд.
Боиси хушнудист, ки ин хислати мардуми ободгари тоҷик ва фазилати аҷдоди шарафмандамонро наслҳои имрӯза низ идомаи нек мебахшанд.
Бахусус, дар тӯли чанд соли охир аҳли заҳмати ноҳия анъанаҳои неки заминкушоӣ, роҳсозӣ, кишоварзиву боғдорӣ ва бунёди иншооти гуногунро бомаром вусъат бахшида истодаанд.
Ноҳияи Зафаробод дар нимаи дуюми асри гузашта таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ аз як дашти сӯзону тафсон ба мавзеи пурфайзу бобаракат мубаддал гардид, ки ин, албатта, натиҷаи заҳмати зиёди мардум мебошад.
Яъне бо заҳмати шабонарӯзии сокинони муҳоҷиргардида дар зарфи беш аз ним аср дар як биёбони лабташна ноҳияи ободу зебо ба вуҷуд омад, ки кору пайкори ободгарони ин мавзеъ шоистаи таҳсину қадршиносӣ ва мактаби бузурги тарбияи наслҳои имрӯзу фардои кишвар мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ рушди ноҳия вусъати бештар пайдо карда, имрӯз ҳангоми ба забон овардани номи ноҳияи Зафаробод дар зеҳни одамон як минтақаи шукуфону ободи кишвари азизамон ва майдони заҳмату фаъолияти фидокоронаи мардуми қаҳрамони тоҷик ҳувайдо мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои аввали азхудкунии биёбони Мирзочӯл дар ин мавзеъ ҳамагӣ ду деҳа бо 60 хоҷагӣ вуҷуд дошт.
Алҳол, баъди гузашти зиёда аз ним аср ноҳия дорои 18 деҳа, се шаҳрак ва даҳҳо маҳалҳои аҳолинишин мебошад.
Шумораи аҳолии ноҳия дар бисту панҷ соли истиқлолият беш аз 25 ҳазор нафар зиёд гардида, аз 44 ҳазор нафари соли 1991 имрӯз қариб ба 70 ҳазор нафар расидааст.
Дӯстони азиз!
Бояд гуфт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Зафаробод ягон корхонаи саноатӣ вуҷуд надошт.
Бо дарназардошти он, ки ин мавзеъро диёри мардуми ободкору истеҳсолкунанда меноманд ва вобаста ба имконияту захираҳои мавҷуда зарур буд, ки дар ноҳия корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил карда шаванд.
Ҳамин тавр, дар зарфи 25 сол дар ноҳия 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Минбаъд соҳаи саноат дар ноҳияи Зафаробод мунтазам тараққӣ карда, танҳо дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 63 миллион сомонӣ ба 106 миллион самонӣ расидааст.
Албатта, ин рақам нисбат ба имконияту захираҳои дар ноҳия мавҷуда хеле кам аст.
Аксари корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ дошта, дар давоми сол ҳамагӣ чор-панҷ моҳ кор мекунанд. Соли 2011 ҳангоми сафари корӣ дар ноҳия корхонаи нассоҷиро ба истифода супорида будем, вале он аз моҳи августи соли 2014 то имрӯз фаъолият надорад.
Дар нимсолаи аввали соли 2016 дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи ҳамагӣ 26 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ба 76 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар буда, аз фаъолияти номунтазами корхонаҳои саноатӣ дарак медиҳад.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самараноки корхонаҳо чораҳои фаврӣ амалӣ намоянд.
Зафаробод ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ шуғли асосии сокинони он ба ҳисоб меравад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии ноҳия мунтазам тараққӣ карда, танҳо дар 7 соли охир маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз 222 миллион сомонӣ то ба 253 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Кишоварзони ноҳия нимсолаи якуми соли равонро бо нишондиҳандаҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар ҷамъбаст намуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 64 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ба парвариши пахта, яъне соҳаи сердаромад ва содиротӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Зеро зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли пахта вобаста аст. Ғайр аз ин, пахтакорӣ сарчашмаи муҳайё кардани ҷойи корӣ ва манбаи хуби даромади аҳолӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки доир ба рафъи сабабҳои коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли пахта, ба дастовардҳои солҳои қаблӣ баробар кардани ҳаҷми истеҳсоли он ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом чораҷӯӣ намоянд.
Қисми бештари заминҳои ноҳияи Зафаробод бо усули обёрии мошинӣ бо об таъмин карда мешавад.
Бинобар ин, бо супориши Роҳбари давлат барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва харидории насосҳои обкашӣ аз буҷети давлатӣ беш аз 7 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, супориш дода будам, ки маҳалҳои дурдасти ноҳия тавассути чоҳҳои амудӣ бо об таъмин карда шаванд ва фаъолияти мунтазами иншооти гидротехникӣ таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.
Ҳоло бори дигар таъкид месозам, ки роҳбарияти вилоят, ноҳия ва дигар сохторҳои марбута бояд ба масъалаи кори муътадили пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар ноҳияи Зафаробод мисли дигар минтақаҳои мамлакат таъмиру барқарор кардани роҳҳои мошингард масъалаи муҳим мебошад.
Дар солҳои 2014-2016 бо мақсади ҳалли мушкилоти мардуми ноҳияи Зафаробод барои иртибот бо пойтахти кишвар роҳи мошингарди Зафаробод — Истаравшан аз ҳисоби маблағҳои буҷет бо харҷи беш аз чор миллион сомонӣ пурра таъмир карда шуд.
Фосилаи роҳи мазкур 22 километр буда, имрӯз рафтуомади сокинони ноҳияи Зафарободро бамаротиб осон намудааст.
Вале дар ин самт ҳоло хеле корҳоро анҷом додан лозим аст.
Соли 2015 Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016-2020 қабул гардид, ки дар асоси он дар ҳудуди ноҳия 106 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 150 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати барномаи зикршуда ва ҳамзамон бо ин, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои барқарорсозии шабакаҳои обрасонии маркази ноҳия ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ чораҷӯӣ намоянд.
Тавре ки чанд рӯз пештар дар суханронии худ ба ифтихори ҷашни истиқлолият хотирнишон кардам, биступанҷсолагӣ ҷамъбасти ҳамагӣ як пораи таърихи миллати куҳанбунёдамон мебошад.
Яъне дар назди мову шумо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани соҳибихтиёрамон вазифаҳои зиёде қарор доранд, ки аз ҳар яки мо заҳматиу талоши беш аз пешро тақозо мекунанд.
Бовар дорам, ки дар ин раванд сокинони бонангу номус ва сарбаланди ноҳияи Зафаробод бо заҳмати ғайратмандонаи худ барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани ин гӯшаи хушманзари ватанамон корҳои созандагиву бунёдкориро вусъати тоза мебахшанд.
Дар фарҷом, бори дигар тамоми сокинони ноҳияро бо ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ — биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва панҷоҳсолагии таъсисёбии ноҳия, инчунин ба муносибати Иди саиди қурбон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва дар фаъолияти созандаатон барои пешрафти ин гӯшаи диёри зебоямон барори кор орзу дорам.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!