Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ҷамъомад доир менамояд.
Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, профессорону устодони соҳаи тиб, намояндагони Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, шарикони ҳамкор оид ба рушд ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ иштирок менамоянд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомади мазкур дастовардҳои умумӣ ва вазъи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор мегирад.
АМИТ "Ховар"