23 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16 500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои наву замонавии Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи “Амонатбонк” мебошад.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба истифода дода шудааст.
Дар бино як терминали электронӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ васл карда шудааст, ки барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мусоид аст.
Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори мачлисгоҳ, дар ошёнаи сеюм толорҳои конфронс, такмили ихтисос ва варзиш мавҷуд мебошанд. Дар таҳхонаи бино ошхона ва бойгонӣ ҷойгир шудааст.
Бинои нави Нозироти андози шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои омодагии сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба кормандони Нозироти андоз барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизмат расонидан ва ғанӣ гардонидани буҷети кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд.