Аз шаҳри Хиросимаи Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музофоти Киото ташриф оварданд.
Дар бӯстонсаройи ҳукуматӣ маросими пазироии расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Волии музофоти Киото Такатоши Нишивакӣ ва Раиси шаҳри Киото Дайсаку Кадокава доир гардид.
Дар сухани шодбошии худ Сарвари давлати мо сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Японияро баланд арзёбӣ намуда, аз ҷараёни рушду тавсеаи бемайлони онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Баъди истиқболи самимии намояндагони воломақоми ҳукумати музофоти Киото ташрифи расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳри қадима аз боздиди “Қалъаи Ниҷоҷо” оғоз шуд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба парвариши боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар Киотои қадим 17 макони таърихӣ мавҷуд аст ва “Қалъаи Ниҷоҷо” дар байни онҳо мақоми хосса дошта, ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст.
Асосгузори “Қалъаи Ниҷоҷо” Токугава Иэясу буда, бунёди он соли 1601 оғоз гардида, соли 1626 ба анҷом расидааст.
Майдони умумии қалъа 275 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва танҳо дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ биноҳои гуногун сохта шудаанд. Ҳудуди қалъа асосан аз иморатҳои гуногуни таърихӣ ва боғҳо иборат мебошад. Дар маркази қалъа Қасри Ниномару ҷойгир аст.
“Қалъаи Ниҷоҷо” ҳамчун қароргоҳи императори Киото бунёд шуда буд. Худи қасри император дар кисми шимолу шарқии қалъа ҷойгир аст.
Соли 1939 “Қалъаи Ниҷоҷо” ба макони сайру саёҳати одамон табдил дода шуд. Дар ҳудуди қалъа якчанд боғ ва дарахтзори олу ва олучаҳои японӣ мавҷуд аст. Боғи Ниномару аз ҷониби меъмор ва усто Кобори Эншу бунёд шудааст.
Дар боғи мазкур ҳамчунин як ҷӯйбори калон мавҷуд аст, ки бо сангҳои гуногун ороиш дода шудааст.
АМИТ «Ховар»