ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ИДМ 13 ҚАРОРДОД БА ИМЗО РАСОНИДАНД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Қасри Сомон гузориш медиҳад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони  давлатҳои ИДМ  ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳод баргузор шуд, ки дар он 13 қарордод ба имзо расонида шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ хабар медиҳад, ки дар кори ҷаласа муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун  миёни кишварҳои ИДМ барассӣ гардиданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба  таҳкими бештари   ҳамкорӣ дар бахши амният ва  мубориза бо падидаҳои ҷаҳони муосир ҷалб гардид. Масъалаҳои ҳамкории фарҳангиву иқтисодӣ ва илмӣ низ  аз мадди назари вазирон дур намонд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаи нақшаи кории кишварҳои аъзо оид ба амалисозии Барномаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод», ки бояд соли 2021 амалӣ шавад, мавриди барассӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи роҳбарии худ дар Иттиҳод шароити мусоиди корӣ ва имконоти васеъро барои ҳаллу  фасли масъалаҳои муҳим фароҳам овард. Дар маҷмӯъ дар кишвари мо зиёда аз 100 чорабинии сатҳи гуногун  доир карда шуданд, ки дар онҳо мутахассисон ва коршиносони давлатҳои аъзо фаъолона иштирок  намуданд.

Пас аз қисмати якуми ҷаласа вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун созишномаҳои нав ба имзо расониданд. Баъди ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба хабарнигорон изҳороти матбуотӣ  пешниҳод намуданд. Сергей Лебедев ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ низ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор хоҳад гашт.

АМИТ «Ховар»

Tags: