Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории милитсия бо ҷомеа» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Туула Юрёля, кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, чорабиниро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ифтитоҳ намуда, оид ба ҳодисаҳои ба амал омадаи рӯзҳои охир сухан кард. «Дар тамоми ҷаҳон ба вуқӯъ омадани амалҳои террористию экстремистӣ ҳамаи моро водор месозад, ки муттаҳид шавем. Хушбахтона, ин ҷинояти мудҳиш дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҷомеа ва мардум кушода шуд, ки ин аз тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо мардум шаҳодат медиҳад».
Дар идомаи мизи мудаввар Вазири корҳои дохилӣ доир ба амалисозии ислоҳоти милитсия бо дастгирии САҲА ва дигар шарикони иҷтимоӣ ва таъсис додани шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ВКД ва РВКД-ҳо дар тамоми шаҳру вилоятҳо ибрози андеша намуд.
«Дуруст ба роҳ мондани раванди ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳамкории зичи милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, яке аз маҳакҳои асосии ислоҳот ба шумор меравад»,-гуфт номбурда.
Дар кори мизи гирд аз 54 минтақаи ҷумҳурӣ аъзои 29 Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок дошта, он давоми ду рӯз идома меёбад.
АМИТ "Ховар"