ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси суди ноҳияи
Айнии вилояти Суғд озод намудани Ҷумазода И.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Ҷумазода Икром Абдусалом бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 июли соли 2018
№1076
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
таъин намудани Олимзода Р.Р.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Олимзода Рафиқҷон Раҳмат судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 июли соли 2018
№1077
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Идизода Ф.Ф.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 июли соли 2018
№1078
АМИТ"ХОВАР"