Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи имрӯзаи иншооти Сойи оби шӯр ва садди муҳофизатӣ, ки дар ин ҷо ҳанӯз соли 2015 сохтмонаш ба анҷом расида буд, шинос шуданд.
Садди мазкур дар қисмати поёнии Сойи оби шӯр сохта шуда, барои ҳимояи иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар рӯзҳои боришоти зиёд пешбинӣ гардидааст. Садд бо баландии 75 ва паҳноии 20 метр бунёд гардида, шиддати харобиовари селро барҳам медиҳад. Дар ин иншоот ба миқдори 250 ҳазор метри мукааб бетон хобонида шуда, ҳаҷми арматураи басташуда зиёда аз 7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Зимни боздид аз ин мавзеъ Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати ҳифз намудани иншоот ва сари вақт тоза намудани қабатҳои муҳофизатии он дастуру супоришҳо доданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдончаи назоратӣ бо ҷараёни корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохтмонии СТ-1 ва СТ-2, бинои идоракунии неругоҳ, корҳои берунаи бинои таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ҳолати имрӯзаи садди асосӣ ва фаъолияти сохтмончиён дар иншооти дигари ин мавзеъ шинос шуданд. Тавре аён гардид, сохтмончиён то имрӯз корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобониро дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-2 ба анҷом расонида, ҳоло ба арматурбандии қисмати сақф машғуланд. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати нақби сохтмонии СТ-1 бо суръат ва сатҳу сифати баланд идома дорад.
Теъдоди умумии сохтмончиён дар ин мавзеъ аз 200 нафар бештар буда, барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати пешрафти корҳо масолеҳи сохтмонӣ ва техникаву механизми зарурӣ муҳайё аст. Дарозии нақби сохтмонии қабати 1-ум 1365 метр ва нақби қабати 2-юм 1382 метрро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчунин бо таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ки дар масоҳати 1850 метри мураббаъ васлу насб гардидааст, шинос шуда, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ дидан намуданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элигазии 500 кВ ва 4 адад дастгоҳи элигазии 220 кВ насб гардидааст. Масъулин таъкид доштанд, ки дар ин ҷо корҳои васлгарӣ беш аз 90% ба анҷом расидаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то Зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ бино аз толори таҷҳизоти элигазӣ, долонҳои ноқилгузар, низоми автоматии оташхомӯшкунӣ ва низоми ҳавотозакунӣ иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти худкори низоми оташхомӯшкунӣ пурра васлу насб гардидааст ва он дар сурати сар задани сӯхтор ба таври автоматӣ фаъол гардида, иншоотро эмин нигоҳ медорад.
Бунёди майдончаи таҷҳизоти беруна дар қисмати чапи иншоот бомаром ҷараён дорад. Дар ин мавзеъ 6 адад автотрансформатори 500/220/25.75, 3 адад реактори заминпайванди 500 кВ ва 2 адад трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ васлу насб карда мешавад. Корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии баромадгоҳи 500 кВ пурра иҷро гардидаанд.
Дар шафати иншооти таҷҳизоти тақсимкунандаи барқ бинои технологии иборат аз 5 ошёна ва таҳхона бунёд гардида, айни замон корҳои рангуборкунии дохили бино ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот идома дорад. Тибқи маълумот, дар ошёнаи якуми бино таҷҳизоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва шкафҳои низоми ҷараёни доимӣ васлу насб карда шуда, ошёнаҳои дуюм ва сеюм барои озмоишҳои химиявӣ, ҳуҷраҳои аккумуляторӣ, озмоишгоҳҳои электротехникӣ ва гузаронидани ноқилҳо пешбинӣ шудаанд. Ошёнаи чорум бо шкафҳои ҳимояи релейӣ ва автоматикунонӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Ошёнаи панҷуми бино барои ҳуҷраҳои корӣ дар назар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз масъулон ва бунёдгарони неругоҳ даъват ба амал оварданд, ки минбаъд низ ҳангоми иҷрои корҳо ба сифати масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва иншоотро ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд намоянд, то садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.
АМИТ «Ховар»