Дар шаҳри Боку ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ таҳти роҳбарии Рамазон Раҳимзода оғоз гардид

Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ баргузор гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Раиси Шӯрои мазкур, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода оғоз бахшида, изҳор дошт, ки «мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҳама гуна зуҳуроти номатлуб аз ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба маншаъ гирифта, дар ин ҷода ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст».

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои мазкур дурнамои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии ИДМ, амалӣ намудани барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин радиф масъалаҳои мубодилаи иттилоот нисбат ба шахсоне, ки дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлатҳои сеюм дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ иштирок доранд, такмили механизми амали мувофиқашудаи мақомоти корҳои дохилӣ (политсия) оид ба муқовимат бо намудҳои нави ҷинояткорӣ низ муҳокима гардида, дар ин замина таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Дар айни замон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.

АМИТ«Ховар»

Tags: