Дирӯз дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия маросими қуръакашии мусобиқаи футбол дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи футбол миёни бонувон 11 даста, аз ҷумла, дастаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Дастаҳо дар се гурӯҳ (2 гурӯҳи иборат аз 4 даста ва як гурӯҳ – 3 даста) барои ҷоизаҳо рақобат намуда, дастаи футболи занонаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои футболи занонаи Кореяи Шимолӣ, Чин ва Гонконг дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайпейи Чин, Малдив ва ба гурӯҳи «С» дастаҳои Япония, Ветнам ва Тайланд ворид шуданд.
Се дастаи беҳтари гурӯҳҳои «А» ва «В» ва ду даста аз гурӯҳи «С» ба даври чорякфинал роҳ меёбанд.
Мусобиқаи футбол миёни бонувон дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 аз 16 то 31 август дар шаҳри Палембанги Индонезия доир мегардад.
Дар барномаи Бозиҳои Осиё 40 намуди варзиш ворид шуда, дар он иштироки наздик ба 10 000 нафар варзишгар аз 45 давлати дунё дар назар аст.
АМИТ«Ховар»